Милипуши волейболи Эрон дувумин имтиёзовари лиги миллатҳо
(last modified Mon, 25 Jul 2022 16:14:27 GMT )
Июл 25, 2022 21:14 Asia/Dushanbe
  • Милипуши волейболи Эрон дувумин имтиёзовари лиги миллатҳо
    Милипуши волейболи Эрон дувумин имтиёзовари лиги миллатҳо

Милпуши волейболи Эрон бо касби 215 имтиёз дувумин имтиёзовари лиги миллатҳои волейболи 2022 шинохта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар поёни ин рақобатҳо Амини Исомилинажод аз Эрон бо 215 имтиёз дувумин имтиёзвоари лиги миллатҳои волейболи 2022 шинохта шуд.

Дар марҳалаи поёнии мусобиқоти лиги миллатҳои волейболи 2022 ки ба мизбонии Италия баргузор шуд, Фаронса ба ғалаба бар Амрико қаҳрамон шуд.

Дар радабандии ниҳоӣ ин мусобиқот пас аз Фаронса ва Амрико, Лаҳистон, Италия, Ҷопон ва Бразиля ба тартиб аввал то шашум шуданд.

Тими миллии волейболи Эрон дар ҷойгоҳи ҳафтум қарор гирифт.

Тимҳои Аргентина, Сербистон, Олмон, Чин, Булғористон, Канадава Австралия ҳам ба тартиб дар ҷойгоҳҳои ҳаштум то понздаҳум қарор гирифтанд.