Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Тамдиди таҳримҳо нишонаи бадаҳдии Амрикост
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба тасвиби тамдиди таҳримҳои Эрон дар Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико гуфт, тасвиби ин таҳримҳо нишондиҳандаи нақзи тааҳҳудоти тарафи муқобил, беэътимодӣ, хабосату бадаҳдии Амрико аст.
Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, тасвиби тарҳи тамдиди таҳримҳои 10 - солаи Эрон дар Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико, ба таври қатъӣ нақзи БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) аст ва Эрон дар муқобили он вокуниши ҷиддӣ нишон хоҳад дод.
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни ин ки аз Амрико ҷуз душманӣ интизори дигаре нест, афзуд: “Эрон аз ҳукумати бадаҳд, паймоншикан ва дуруғгӯи Амрико безор аст ва бо иқдомоти он ба шиддат муқобила хоҳад кард”.
Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин ба муваффақиятҳои артишу нерӯҳои мардумии Ироқу Сурия дар мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ ишора карду гуфт, ин муваффақиятҳо муҷиб шуд то бисёре аз мардуми мазлуму бегуноҳи ин кишварҳо аз чанги ин гурӯҳи террористӣ наҷот пайдо кунанд.