Эъломи омодагии Олмон барои сармоягузорӣ дар шаҳракҳои санъатии Эрон
(last modified Tue, 26 Jul 2022 04:39:07 GMT )
Июл 26, 2022 09:39 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии Олмон барои сармоягузорӣ дар шаҳракҳои санъатии Эрон

Дар дидори раиси Иттиҳодияи федерали тавсеаи иқтисодиву бозаргонии хориҷии Олмон (BWA) бо муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон  (САМТ) бар эъломи омодагӣ барои сармоягузорӣ ва истиқрори саноеи тавонманди олмонӣ дар шаҳракҳои санъатии Эрон таъкид шуд.

Нишасти раиси Иттиҳодияи федерали тавсеаи иқтисодиву бозаргонии хориҷии Олмон ва муовини вазири САМТ дар ростои идомаи барномаҳои тавсеаи дипломатии иқтисодии давлати сенздаҳум ва бо ҳадафи иртиқои ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ бо такя бар зарфиятҳои бунгоҳҳои хурду миёнаи Эрону Олмон баргузор шуд.

Раис ва чаҳор узви Иттиҳодияи федерали тавсеаи иқтисодиву бозаргонии хориҷии Олмон бо ҳузур дар созмони саноеи хурду шаҳракҳои санъатии Эрон бо Алии Расулиён, муовини вазири САМИ дидор карданд ва роҳкорҳои афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Эрону Олмон дар ҳавзаи касбу корҳои хурду миёнаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши Созмони саноеи хурд ва шаҳракҳои санъатии Эрон, Расулиён дар ин нишаст гуфт, эҷоди маркази табодули фанноварӣ миёни ширкатҳои олмонӣ ва эронӣ метавонад дар ростои иртиқои ҳамкориҳои иқтисодӣ бисёр таъсиргузор бошад.

Муовини вазири санъат ба тарҳҳои санъатии дар ҳоли сохтусоз дар шаҳракҳову навоҳии санъатии Эрон низ ишора карду афзуд, беш аз 47 ҳазор тарҳи санъатӣ дар шаҳракҳову навоҳии санъатии кишвар дар ҳоли иҷрост, ки ин тарҳҳо бо меҳварияти бахши хусусӣ бунёд мешаванд.

Майкл Шоуман, раиси Иттиҳодияи федерали тавсеаи иқтисодиву бозаргонии хориҷии Олмон (BWA) низ дар ин дидор барои густаришу таъмиқи муровидоти иқтисодӣ бо Эрон, ба вижа дар ҳавзаи касбу корҳои хурду миёна эъломи омодагӣ кард.