Июл 26, 2022 15:53 Asia/Dushanbe
  • Гуштии қаҳрамонии навҷавонони ҷаҳон. Роҳёбии 2 намояндаи Эрон ба финал

Мусобиқоти панҷ вазни нахусти рақобатҳои гуштии фарангии навҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон рӯзи душанбе дар шаҳри Руми Италия баргузор шуд, ки дар поён 2 намояндаи Эрон ба дидори финал роҳ ёфтанд.

Алӣ Аҳмадии Вафо дар вазни 48 ва Аҳуро Бувайрӣ дар вазни 65 килограм, 2 намояндаи Эрон ба дидори финал роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин Сайидризо Озаршаб дар вазни 80 килограм ва Муҳаммади Ҷаҳонгирӣ дар вазни 110 килограм роҳии дидори радабандӣ шуданд.

Рақобатҳои радабандӣ ва финали вазнҳои фавқ шомгоҳи сешанбе баргузор мешавад.

Ҳамчунин мусобиқоти муқаддамотии панҷ вазни дувуми ин рақобатҳо имрӯз сешанбе баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп