Июл 26, 2022 19:51 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо зидди Русияро тамдид кард
    Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо зидди Русияро тамдид кард

Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт таҳримҳояш зидди Руисяро барои шаш моҳи дигар то поёни январи соли 2023 тамдид кунад.

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико зидди Русия аз соли 2014 дар пайи пайваст шудани Қрим ба Русия ва иттиҳоми ҳимояти Маскав аз мухолифони шарқи Украина барқарор шуда аст.

Пас аз ҳамалаи Русия ба Украина дар феврали соли ҷорӣ ин таҳримҳо ба таври қобили таваҷҷуҳ густариш ёфт.

Ба гузориши ИРНА, вазирони энержи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе тасмим гирифтанд таҳримҳо зидди Русияро барои шаш моҳи дигар то поёни январи соли 2023 тамдид кунад.

Аз сӯи дигар ва бино бар эъломи раёсати Ҷумҳурии Чехистон, ки раёсати давраи шӯрои Аврупоро низ бар уҳда дорад, кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо пас аз коҳиши шадиди содироти Русия барномаи коҳиши ҳамоҳангии масрафи гази худро барои коҳиши вобастагӣ ба Маскав тасвиб карданд.

Дар ин паём омада аст: Ин як маъмурияти ғайри мумкин набуд ва вазирони энержи иҷлоси 27 дар Бруссел дар мавриди коҳиши тақозои газ барои зимистон оянда ба тавофуқи сиёсӣ даст ёфтанд.

Дар ин хабар бо ишора ба ин ки истиснооти хос барои кишварҳои осебпазир дар назар гирифта шуд, омада аст: Ин тарҳ ҳадафи 15 дарсадиро дар замонҳои изтирори ҳамчун ихтилоли шадиди ҷараёнҳо аз Русия иҷбори мекунад.

Рузномаи фаронсавӣ Лумунд бо истинод ба паёми маҷозӣ Клуд Турмез, вазири хориҷаи Луксембург эълом кард: Маҷористон танҳо кишвари буд, ки зидди ин тавофуқ рай дод.

Лумунду пешбини карда аст, ки ин қонунҳо дар рузҳои оянда вориди қонунҳои Иттиҳодияи Аврупо шавад.

Анналена Баербок, вазири хориҷаи Олмон аз талошҳо барои ҳамоҳангии иқдомот дар хусуси сарфаҷуӣ газ дар саросари Иттиҳодияи Аврупо истиқбол кард.