Июл 27, 2022 08:29 Asia/Dushanbe
  • Аамирабдуллоҳиён : Ҳузури саҳюнистҳо дар минтақа мӯҷиби бесуботӣ ва ноамнӣ аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири хориҷаи Аморот тасреҳ кард: Ҳузури саҳюнистҳо дар минтақа мӯҷиби бесуботӣ ва ноамнӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Аамирабдуллоҳиён дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳузури режими ишғолгари Қудс дар минтақаро мӯҷиби бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа донист ва афзуд: Режими саҳюнистӣ талош кард то нишасти ахири Ҷаддаро ба як буҳрон дар минтақа табдил кунад, аммо бо дирояти кишварҳои ширкаткунандаи минтақа мавзӯъоти ҳамкориҳои минтақаӣ, пешрафт ва амният мавриди таъкид қарор гирифт .
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо ишора ба нигоҳи мусбати мақомоти олирутбаи Эрону Аморот ба муносиботи байниякдигарӣ  аз афзоиши сатҳи равобити ду кишвар истиқбол кард ва онро як гоми муҳим дар раванди тавсеъаи равобити дуҷониба арзёбӣ кард .
Аамирабдуллоҳиён дар иртибот бо музокироти рафъи таҳримҳо низ хотирнишон кард : Иттиҳодияи Аврупо ба талошҳои худ барои ба натиҷа расидани музокирот идома медиҳад ва мо барои расидан ба як натиҷаи хубу пойдор ҷиддӣ ҳастем .
Вазири хориҷаи Аморот ҳам дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ишора ба манофеъи муштараки ду кишвар дар тавсеъаи равобити дуҷониба афзоиши сатҳи намояндагиҳои сиёсиро дар чорчӯби аҳамияти густариши равобити ду кишвари ҳамсоя ва тамоюлоти ду миллати бародар ва алоқамандии мақомоти олияи ду кишвар ба ин ҳадаф донист .
Абдуллоҳ бин Зоид оли Наҳён  дар идома изҳор дошт : " Мо тардиде надорем, ки на танҳо метавонем гармии равобити ду кишварро бозгардонем, балки уфуқҳои тозаеро низ ба рӯйи равобит бигушоем; ба вижа дар шароите ки бо чолишҳои гуногуне дар минтақа аз ҷумла масоили муҳити зист ва обу ҳавоӣ рубуру ҳастем . "
Вазири хориҷаи Аморот афзуд: Ҳамчунин фурсатҳои иқтисодии бешуморе дар ду кишвар барои ду миллат фароҳам аст, ки метавонем аз онҳо ба шеваи матлубе баҳрабардорӣ кунем ва сафарҳои мутақобили мақомот, тоҷирон ва коршиносон таъсири басазое дар ин хусӯс дорад.

 

Барчасп