Зарбаи сахти Созмони иттилоъоти полиси Эрон ба бадани созмони ҷосусии Моссад
(last modified Thu, 28 Jul 2022 13:33:48 GMT )
Июл 28, 2022 18:33 Asia/Dushanbe
  • Зарбаи сахти Созмони иттилоъоти полиси Эрон ба бадани созмони ҷосусии Моссад

Созмони иттилоъоти полиси Эрон аз боздошти раҳбар ва аъзои як шабакаи ҷосусии марбут ба созмони ҷосусии режими сохтагии саҳюнистӣ- "Моссад" хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Созмони иттилоъоти полиси Эрон эълом кард: Аъзои ин шабакаи ҷосусӣ ба тарғиби раҳбари яке аз гурӯҳҳои ҷудоихоҳ, ки собиқаи муздурии режими саҳюнистиро дорад, иқдом ба иртиботгирӣ бо сарпули созмони ҷосусии Моссад кардаанд.

Дар идомаи ин иттилоъия омадааст: Аъзои шабакаи ҷосусии 5-нафарии боздоштшуда бо ваъдаҳои зиёд, аз ҷумла масоили молӣ, ки аз ҷониби созмони ҷосусии Моссад дода шуда буданд, барои ҷамъоварии маълумот аз манотиқи муҳим ва муҳими кишвар иқдом мекарданд, ки аз лахзаи аввали иртиботгирӣ тамоми харакатхои аъзои шабака зери чатри ​​иттилоъотии сарбозони гумноми Имоми Замон (а.с.) дар ин ниҳод карор гирифтанд.

Дар эттилоъияи Созмони иттилоъоти полис ҳамчунин омадааст: Аъзои ин шабака дар баробари гирдоварии иттилоъот,иқдом ба оташсӯзӣ, шиорнависӣ ва таблиғ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон намуда ҳамчунин омӯзиши лозим барои амалиёти мусаллаҳона дида буданд,ки қабл аз ҳар гуна иқдом  ҳамаи аъзоёни шабака (5 нафар) дастгир карда шуданд.

Аз аъзои ин шабака теъдоде таҷҳизоти пешрафта, симкортҳо ва телефонҳои ҳамроҳ кашф шудааст.