Июл 30, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Муҳарам фасли ибрози дилдодагӣ ба Имом Ҳусайн (а) ва замони ҷаҳоди табъини ҳақ ва ҳақиқат дар баробари исломи  Умавӣ аст
    Муҳарам фасли ибрози дилдодагӣ ба Имом Ҳусайн (а) ва замони ҷаҳоди табъини ҳақ ва ҳақиқат дар баробари исломи Умавӣ аст

Ҳамзамон бо оғози моҳи Муҳарам оини Изни Азо ва таъвизи парчами гунбад ва пушиши зареҳи ҳарами муттаҳари Разавӣ ва эҳдои парчам ба ҳаёатҳои мазҳабӣ, дар Машҳад, шимолу шарқӣ Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳуҷҷатул ислом Аҳмади Марвӣ тувлияти Остони Қудси Разавӣ рӯзи ҷумъа дар оини Изни Азо ва таъвизи парчами гунбад ва пушиши зареҳи ҳарами муттаҳари Разавӣ гуфт: Бо вуҷуди гузашти ҳазору 382 сол аз Ошуроӣ Имом Ҳусейн (а),  азодорои Муҳарам ва шаҳодати Саиду шуҳадо сол ба сол бо шукӯҳтар баргузор мешавад. Марвӣ бо баёни ин, ки рӯзаи Ошӯро аз рӯзи 10-уми Муҳарами соли 61 ҳиҷрӣ ва тавассути Саиду шуҳадо (а) оғоз шуд, афзӯд: Ошӯро иззатбахш аст ва ба ҷомеа ҳаёт медиҳад.

Ҳуҷҷатулислом  Муҳаммади  Қумӣ раиси Созмони таблиғоти исломӣ низ гуфт: фурсати ошкор шудани ҳақиқат, ҳуввият, реша ва сармояҳои таърихии ин миллат аст.

Ҳуҷҷатулислом Қумӣ афзӯд: Муҳарам фасли ибрози дилдодагӣ ба Имом Ҳусейн (а) ва замони ҷаҳоди табъини ҳақ ва ҳақиқат дар баробари исломи  Умавӣ аст.

Вижа барномаи Изни Азо дар ҳарами муттаҳари Разавӣ  бо ҳузӯри намояндагони ҳайатҳои азодории саросари Эрон ва ҳамчунин дигар кишварҳои исломӣ баргузор шуд.  Намояндагони ҳайатҳои азодорӣ  бо дарёфти парчами азодори  Сайиду солори шаҳидон аз тавлияти Остони Қудси Разавӣ, аз соҳати ҳазрати Ризо (а) барои барпоии маросими сӯгворрии Муҳарам ва сафар изн мегиранд. Ҳамчунин оини сиёҳпушӣ  зареҳи муттаҳар ва парчами гунбад баргузор ва ҳарами муттаҳари Разавӣ дар иони вижа , сиёҳпуши азои  ҳусайнӣ шуд. Шанбе 30-уми июл 2022 аввали Муҳарам-ал-Ҳароми соли 1444 ҳиҷрии қамари аст.

Барчасп