Июл 30, 2022 17:14 Asia/Dushanbe
  • Вазорати иттилоъот шаҳрванди Шветсияро ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кард
    Вазорати иттилоъот шаҳрванди Шветсияро ба иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кард

Сарбозони гумноми имоми Замон(а) дар Вазорати иттилоъоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳрванди Шветсияро ба иттиҳоми ҷосусӣ шиносоӣ ва боздошт карданд.

Муттаҳами Шветсия, ки дар сафари чандгонаи пешин ба Эрон ба далели рафторҳо ва иртибототи машкук, феҳрасти гумонбари воҳиди зидди ҷосусии Вазорати иттилоъот қарор гирифта буд, ҳамавақт аз замони вуруд ба Эрон, ҳамаи ҳаракатҳо, иртиботот, сафарҳояш ба шаҳрҳои мухталифи Эрон, ки хориҷ аз мақсадҳо ва равияҳои гардишгари анҷом мешаванд то ҳангоми хуруҷ аз марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти назорати маъмурони ҳерфаӣ зидди ҷосусии Вазорати иттилоъот қарор мегирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати иттилоъоти Эрон бо нашри иттилоъияи эълом кард: Шаҳрванди Шветсия мутаҳами чанд моҳи пеш дар ва дар пайи боздошти як ҷосуси ди гари аврупоӣ, маъмурияти касб иттилоът аз чигунагии фош намудани ҳувияти он ҷосус ва навъ ва мизони иттилоъотие, ки ба чанги иттилоъотии ин вазоратхона афтода буд, муҷададан вориди Эрон шуд.

Дар ин иттилоъия омада аст ин бор низ ва дар ҳамаи маъмурияти ахир тамосҳои вай бо муртабитин ишора шуда таҳти кантроли доими сарбозони гумноми имом Замон(а) қарор дошт ва дар ниҳоят бо комил шудани мустанадот дар ҳангоми хориҷ шудан аз Эрон бо ҳукми мароҷеъи қазоӣ боздошт шуд.

Мутаҳами Шветсияи боздоштшуда дорои собиқаи сафар ба сарзаминҳои ишғолии режими мутаҷовизи саҳюнист пеш аз азимат ба Эрон мебошад.

Вазорати иттилоъот дар ин иттилоъия таъкид кард: Ин вазоратхона амнияти кишвар ва оромиши мардумро хати сурхи дониста ва кучактарин таҳдид нисбат ба марзҳои амниятии кишварро қотеъона ва фориғ аз ҳаёҳуӣ овозагарони ҳерфаӣ ва ҳамхони ғарбӣ-саҳюнистӣ посух мегуяд.

Вазорати иттилоъот дар ин иттилоъияи ҳушдор дод, режими бадсобиқаи Швесия, ки то кунун чандин ҷосуси ниёбати барои режими ишғолгари Қудсро пуштибони карда аст ҳамчун Аҳмадризои Ҷалолӣ, ҷосуси мусалами режими саҳюнитӣ ва муҷрими қатъи  дар шиносоӣ ва террори бархе аз дошнишмандони ҳастаӣ Эрон ва маъмури террористҳои ҷинояткори ҳамчун мунофиқин ва қотилони мардум ва кудакони бегуноҳ дар паради хунбори Аҳвоз буда аст, дар сурати идомаи равияи ҷосусии ниёбати аз суи ниҳодҳои иттилоъотии он кишвар ва истимрори ҳимоят аз қотилони ҷинояткорони собиқадор, вокуниши мутаносиб бо онро дарёфт хоҳад кард.

 

Барчасп