Июл 31, 2022 16:32 Asia/Dushanbe
  • Сафари Меҳробиён ба Афғонистон барои ҳаққобаи Эрон
    Сафари Меҳробиён ба Афғонистон барои ҳаққобаи Эрон

Сухангӯи саноати оби Эрон аз сафари вазири неру ба Афғонистон барои пайгирии ҳаққобаи Эрон дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фируз Қосимзода гуфт: Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор аст бо тарафи афғонисонӣ суҳбату музокира кунад то ҳаққоба ба Эрон сарозер шавад.

Ин масъул бо баёни ин ки мизони ҳаққобаи Эрон тағир накарда аст афзуд, ҳам Эрон ва ҳам тарафи афғонистонӣ дар бораи ирсоли ҳаққобаи Эрон мулоҳизоти доранд, ки дар музокирот матраҳ шуда аст.

Ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд ба дархости ҳуқуқии Эрон аз оби руди Ҳирманд дар минтақаи Систон ишора дорад ду кишвари Эрон ва Афғонистон дар соли 1351 муъоҳидае имзо карданд, ки бар асоси он муқарар шуд ҳар сония 26 метри мукааб об муъодили 850 миллион метри мукааб дар сол оби Ҳирманд ҳақи Систон ва дарёчаи Ҳомун дар Эрон бошад, ки ҳамчунон ин муъоҳида анҷом нашуда аст.

Сухангӯи саноати оби Эрон дар бораи ҳаққобаи Эрон аз Туркия низ изҳор дошт дар сафари раиси Ҷумҳурии Туркия ба Теҳрон тавофуқи хуби ба даст омад ва Ардуғон қавл дод кумитаҳои муштараки ин мавзуъ ба суди ду кишвар пайгири шавад.

Фируз Қосимзода ёдовар шуд Эрон ва Туркия фақат ҳавзаи обрези муштарак доранд ва Туркия дар саршохаҳои Эрон қарор дорад.  

 

Барчасп