Улянов: Фазои музокирот барои лағви таҳримҳо дар Вена ҷиддӣ аст
(last modified Fri, 05 Aug 2022 12:58:47 GMT )
Август 05, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Фазои музокирот барои лағви таҳримҳо дар Вена ҷиддӣ аст

Узви тими музокиракунандакунандаи Русия дар Вена фазои музокирот барои лағви таҳримҳо дар Венаро ҷиддӣ тавсиф кард ва гуфт, замон натиҷаи музокиротро мушаххас хоҳад кард.

Михаил Улянов, сафир ва намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, ки раёсати ҳайати ин кишвар дар музокирот барои лағви таҳримҳо дар Венаро бар уҳда дорад, пеш аз дидор бо Алӣ Боқирии Канӣ, узви аршади тими музокиракунандаи Эрон гуфт, дар кул фазои музокирот ҷиддӣ аст, аммо зоҳиран ҳамаи тарафҳо дар мавриди матни ниҳоӣ дар ҳоли расидан ба иҷмоъ ҳастанд.

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена имрӯз - ҷумъа дар твитте эълом кард, бори дигар бо ҳайати эронии ҳозир дар даври ҷадиди музокирот барои лағви таҳримҳо дар Вена ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба сурати ҷудогона дидор кардааст.

Улянов дар ин твит гуфт, нишасти дигараш бо ҳайати эронии ҳозир дар даври ҷадиди музокирот барои лағви таҳримҳо дар Вена созанда будааст.

Пештар Алӣ Боқирӣ, узви аршади тими музокиракунандаи Эрон ва Михаил Улянов, узви тими музокиракунандаи Русия тайи дидоре дар Вена дар бораи масоили мухталиф гуфтугӯ карданд.

Гуфтугӯҳо миёни намояндагони Эрон ва дигар тарафҳо аз имрӯз дар форматҳои мухталиф пайгирӣ хоҳад шуд.