Август 06, 2022 19:48 Asia/Dushanbe
  • Иҷтимоъи бузуриги ошуроиён дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ
    Иҷтимоъи бузуриги ошуроиён дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ

Иҷтимоъи бузурги ошуроиён дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад.

Дар шаби Тосуо ва дар остонаи Ошурои ҳусайнӣ иҷтимоъи бузурги аъзодорон бо ҳузури пуршури ҳайатҳои мазҳаби Машҳади муқаддас ва ҷамъи аз ҳайатҳои аъзодории саросари кишвар имрӯз шанбе дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор мешавад.

Ин маросим ҳамзамон бо ҳаштуми моҳи муҳарам дар ҳарами мутаҳҳар оғоз мешавад ва аъзодорони ҳусайнӣ бо ташриффармоӣ ба ҳарами ҳазрати имом Ризо(а) дар ин маросими бошукуҳ ширкат хоҳанд кард.

Ин иҷтимоъи бузург, бузургтарин маҳфили аъзодории ин аём хоҳад буд, ки бо шукуҳи густарда барпо хоҳад шуд.

Ҳайатҳои ҳозир дар ин маросим пас аз поёни иҷтимоъи ошуроиён дар маросими шаби Тосуои ҳусайнӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ низ ҳузур хоҳанд ёфт.

 

Барчасп