Рӯзи Ошуро Эрони исломӣ ғарқи дар мотаму аъзои имом Ҳусайн(а)
Ҳамзамон бо фарорасидани Ошурои ҳусайнӣ саросари Эрони исломӣ дар мотами сарварусолори шаҳидон ҳазрати имом Ҳусайн(а) якпорча ғарқи дар ғаму андуҳ аст.
Имрӯз душанбе 8 августи соли 2022 даҳуми муҳарамулҳароми соли 1444 солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн(а) имом севуми шиъаён аст.
Рӯзи Ошуро барои шиъаён ба маънои қиёми ростини имом Ҳусайн(а) аст, ки дар соли 61 ҳиҷри қамарӣ ба вуқуъ пайваст ва имом Ҳусайн(а) ва 72 ёри бовафояш ба шаҳодат расиданд.
Мардуми аъзодори Эрони исломӣ имрӯз ҳамзамон бо Оушрои ҳусайнӣ бо ҳузур дар масҷидҳо, ҳусейнияҳо ба навҳахони мепардозанд ва дар аъзо ва мотами сарвару солори шаҳидон ва ёрони бовафояш ашку мотам мерезанд.
Ҳадафи қиёми имом Ҳусайн(а) эҳёи дин буд, аз ҳаминру дар ин аём зиёрати Ошуро хонда мешавад ва ба ёди Ошурои соли 61 ҳиҷри қамарӣ, ки имом Ҳусайн(а) намози зуҳрро ба ҷамоъат барпо дошт, намози зуҳри Ошуро ба ҷамоъат хонда мешавад.