Август 09, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Парвози моҳвораи эронии «Хайём» ба мадори 500 километрӣ аз Замин: имрӯз

Моҳвораи "Хайём" дар мадори Замин қарор гирифт.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон аз парвози моҳвораи эронии «Хайём» ба мадори 500 километрӣ аз Замин то сооте дигар хабар дода буд.

Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта гомҳои пайваставу рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст.

Ҳарчанд душманон бо анвои таҳримҳо саъй кардаанд монеъ аз пешрафтҳои иқтисодиву илмӣ, аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо ва фишорҳо Ҷумҳурии исломии Эрон ба анвои фанновариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияте бузург барои Эрони исломӣ донист.

Ба гузориши ИРНА, Исо Зореъпур, вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон, ки ба Қазоқистон сафар кардааст, бо интишори видеое дар сафҳаи Инстаграми худ гуфт, моҳвораи эронии «Хайём» ҳамроҳ бо парчами Ҷумҳурии исломии Эрон рӯйи моҳворабари «Союз» насб шудааст ва имрӯз (сешанбе) соати 13: 30 дақиқа ба вақти Теҳрон аз истгоҳи фазоии «Байконур» -и Қазоқистон ба фазо партоб хоҳад шуд. 

Зореъпур гуфт, Эрон акнун метавонад моҳвораҳои сабукро дар мадор қарор бидиҳад ва моҳвораи «Хайём» 600 килограм вазн дорад ва қарор аст дар мадори 500 километрӣ аз Замин қарор гирад.
Зореъпур афзуд, ин моҳвора барои таъмини додаҳои фазоии мавриди ниёзи Эрон гоми бисёр баландест ва метавон аз тасовири он бо диққати бисёр боло барои иртиқои корбурдҳои фазоии кишвар дар ҳавзаҳои муҳити зисту кишоварзӣ истифода кард.

Вазири иртибототу фанноварии иттилооти Эрон бо баёни ин ки ин оғози як ҳамкории роҳбурдӣ байни Эрону Русия дар ҳавзаи фазоӣ аст, хотирнишон кард, Вазорати иртибототу фанноварии иттилооти Эрон дар канори ҳамкориҳои роҳбурдӣ бо кишварҳои соҳибном дар санъати фазоии дунё монанди Русия, тавсеаи фанноварии бумии фазоиро низ дар дастури кор дорад ва то поёни соли ҷорӣ ба ҳадаф қарор додани моҳвораи санҷишӣ дар мадори 500 километрии фазоӣ даст хоҳад ёфт.

Ҳамакнун ин моҳвора бо муваффақият партоб шуда ва дар мадори Замин қарор гирифтааст.  

 

Барчасп