Таҳлил: Моҳвораи Хаём, гоми муҳим дар масири истифодаи Эрон аз фазо
(last modified Tue, 09 Aug 2022 05:48:25 GMT )
Август 09, 2022 10:48 Asia/Dushanbe
  • Акнун Эрон дар байни 10 кишвари фазоии  ҷаҳон қарор дорад
    Акнун Эрон дар байни 10 кишвари фазоии ҷаҳон қарор дорад

Исо Зореъпур вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон аз парвози моҳвораи эронии "Хаём" ба мадори 500 километри аз замин дар рӯзи сешанбе хабар дод.

Зореъпур, ки ба Қазоқистон сафар кардааст, бо интишори видиое дар саҳифаи Инстаграми худ гуфт, моҳвораи эронии "Хаём" ҳамроҳ бо парчами Ҷумҳӯрии Исломӣ бар рӯйи моҳворабари "Союз" насб шудааст имрӯз сешанбе  аз истгоҳи фазоии Байконури Қазоқистон ба фазо партоб мешавад.

Зореъпур тасреҳ кард, Эрон акнун метавонад моҳвораҳои сабукро дар маддор қарор диҳад ва моҳвораи Хаём, 600 килограм вазн дорад ва қарор аст дар маддори 500 километри аз замин қарор гирад. Ин моҳвора барои таъмини додаҳои фазоии мавриди ниёзи Эрон, гоми бисёр баланде аст ва метавон аз тасвири он бо диқати бисёр боло барои иртиқои корбурдҳои фазоии  кишвар дар ҳавзаҳои муҳити зисти ва кишоварзӣ истифода кард.

 

Санъати фазоӣ дар зумраи саноъедории фанноварии пешрафта маҳсуб мешавад. Бо вуҷӯди тамоми маҳдудиятҳои эъмолии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба чархаи комили фанноварии фазоии даст ёфта ва дар чаҳор даҳҳаи гузашта гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фанноварии фазоӣ бардоштааст. Акнун Эрон дар байни 10 кишвари фазоии  ҷаҳон қарор дорад, ки ин амр ҳосил ва самараи пеш аз 4 даҳҳаи талош ва муҷоҳидати мутахасисони ин сарзамин буда ва ба ҳамин далел Эрон аз ҷойгоҳи қобили эттико дар ин санъати байни кишварҳои маъдуди соҳиби ин фанноварӣ бархурдор аст. Дар ҳоли ҳозир сохти пойгоҳи партоби моҳвора дар ихтиёри 6 кишвар аст ва Эрон рутбаи баъди аз назари тавсиаи пойгоҳи фазоиро дар ихтиёр дорад.

Ҳарчан душманон бо анвоъи таҳримҳо сайъ карданд монеъ аз пешрафтҳои иқтисодӣ ва илмӣ аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд., аммо бо вуҷӯди тамоми маҳдудиятҳо ва фишорҳо, Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба навъи фанновариҳои фазоӣ ва муратаб бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияти бузург барои Эрони Исломӣ донист. Асосан тафовути барномаи фазоии Эрон бо соири кишварҳои минтақаи Ғарбӣ Осиё ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз фанноварии бумӣ ва дохилоии худ баҳра ҷустааст.

Бо таваҷҷҳ ба нақшаи муҳими моҳвораҳо дар арсаи кунунӣ дар ҳамаи арсаҳо аъам аз мухобиротӣ ва иртибототӣ, иктишофӣ, таҷасумӣ ва зист муҳитӣ ва бисёре корбурдҳои дигар, Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон азми ҷидди барои тавсиаи зерсохтҳо ва фанноварии мушакӣ ва фазоӣ худ дорад ва дар ин росто ба пешрафтҳои азиме даст ёфтааст. Тарроҳи ва сохти моҳворабарҳо  ва гомҳои муҳим дар заминаи сохти моҳвораҳои бумӣ, партобҳои онҳо, дарёфти додаҳо ва дар ниҳояти истифода аз додаҳои дарёфти чархаи комили ин фанновариро шакл медиҳад.

Ин масоил барои Амрико ва режими саҳюнистӣ ғайри қобили қабул буда ва лизо Вашингтон ҳадди аксари талоши худ барои ҷилавгирӣ аз идомаи раванди пешрафтҳои фазоии Эрон пофишори мекунад. Бо ин ҳол барномаи фазоии Эрон барномаи бумӣ буда ва бар мутахасисон ва фанноварии дохили муттаки аст ва лизо ба рағми фишорҳои Амрико ва мухолифатҳои ғарбиҳо бо он, ҳамчунон ба руш ва боландагии худ идома медиҳанд. Бадин  таритиб асосан фишорҳо ва таҳримҳои Амрико наметавонад  халале дар ин замина ба вуҷӯд оварад.

Зореъпур мегӯяд: Эрон дар авҷи таҳрим ва сахти ба пешрафтарин дониш дар фазо даст ёфтааст, ба тавре, ки сохти моҳвора ва моҳворабаре, ки бо  диқати зиёд маҳмуларо ба ҳадаф интиқол мендиҳад амали шуд.

Дар барҳаи кунуни партоби моҳвораи эронии Хаём тавассути моҳворабари русӣ ба масобеи оғози ҳамкории роҳбӯрди байни Эрон ва Русия дар ҳавзаи фазоӣ аст. Дар айни ҳол Вазорати иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар канори ҳамкориҳои роҳбурди бо кишварҳои соҳибном дар санъати фазоии дунё монанди Русия, тавсиаи фанноварии бумии фазоиро низ дар дастури кор дорад ва то поёни соли ҷорӣ ба ҳадафи қарор додани моҳвораи санҷиши дар мадори 500 киламетри фазоӣ даст хоҳад ёфт.

Бештар бихонед: