Роҳпаймоӣ Арбаъин зуҳуру бурузи ҷабҳаи байналмиллалӣ муқовимат аст
-
Роҳпаймоӣ Арбаъин зуҳуру бурузи ҷабҳаи байналмиллалӣ муқовимат аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳпайпоӣ Арбаъини ҳусайнӣ(а)-ро ҷилваи аз фарҳанги Ошуро ва зуҳуру бурузи ҷабҳаи байналмилаллӣ муқовимат донист.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори ҷаъми аз фаъолони баргузори роҳпайппоӣ Арбаъин гуфт: Роҳпаймоӣ Арбаъин намоди дурахшон барои идомаи Ошуро ва фарҳанги ошуроӣ ва бузургтарин иҷтимоъи башарӣ бар рӯи замин аст.
Раисӣ бо ишора ба таъкидот ва раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ барои ҳар чи бошукуҳтар баргузор шудани ҷараёни азими Арбаъин изҳор кард, ин маросим яке аз ҷилваҳои бузуру зуҳури ҷаҳонии бовармандон ба ҳазрати имом Ҳусайн(а) ва ҷабҳаи муқовимат аст.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкиди нақши давлат барои осонии ҳузури мардум дар маросими Арбаъин бар истифода аз ҳамаи зарфиятҳои дохилӣ ва дипломатики кишвар барои осонии сафари зоирони Арбаъин таъкид кард.