Даргузашти Ҳушанги Ибтиҳоҷ шоир ва нависандаи номдори Эрон
-
Даргузашти Ҳушанги Ибтиҳоҷ шоир ва нависандаи номдори Эрон
Ҳушанги Ибтиҳоҷ шоири номдори эронӣ бомдоди имрӯз даргузашт.
Ялдо Ибтиҳоҷ фарзанди Ҳушанги Ибтиҳоҷ бомдоди имрӯз чоршанбе 19 мурдодмоҳи соли 1401 дар саиафаи маҷозии худ аз даргузашти ин шоири номдори эронӣ хабар дод.
Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ исфанди соли 1306 дар Рашт мутавалид шуд вай аввалин фарзанди Мирзо Оқохони Ибтиҳоҷ ва Фотимаи Рафъат ва танҳо писари як хонаводаи 4 фарзанди буд, падараш Оқохони Ибтиҳоҷ аз мардони саршиноси Рашт ва муддати раиси бемористони Пури Синои ин шаҳр буд.
Ибтиҳоҷ муддати ба унвони мудири кулли ширкати давлатии симони Теҳрон машғули кор буд.
Аввалин китоби ӯ ба номи "Нахустин нағмаҳо" дар соли 1325 чоп шуд, ашъори у ба ду даста шеъри класики ва шеъри нави форсӣ тақсим мешуд.