Эрон дар ҷойгоҳи дувуми бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ Қуния 2022
-
Эрон дар ҷойгоҳи дувуми бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ Қуния 2022
Корвони варзишии Эрон дар ҷойгоҳи дувуми бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ Қуния 2022 қарор дорад.
Ҷадвали медалҳои мусобиқоти бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ба рузрасони шуд ва кишварҳои Туркия, Эрон ва Қазоқистон дар радаҳои аввал то севум қарор гирифтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Эрон Пресс, панҷумин даври аз мусобиқоти бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ аз рӯзи ҷумъа 5 август ба мизбонии Қунияи Туркия оғоз шуд ва дар чандин риштаҳои гуногун варзишкорон дар қолабҳои инфироди ва тими ба масофи рақибони худ рафтанд.
Корвони варзишии Эрон бо касби 8 медали тилло, 12 нуқра ва 7 медали биринҷ дар ҷойгоҳи дувуми мусобиқот қарор дорад.
Бо оғози расмии ин мусобиқот ва бо баргузории маросими ифтитоҳия дар варзишгоҳи Турку Орнои шаҳри Қуния кишварҳо мувафақ ба касби медалҳои рангоранг то инҷо шуданд.