Бозгушоӣ марзи Хусравӣ ба руи зоирон
Муъовини умури Созмони ҳаҷу зиёрат эълом кард: Марзи Хусравии Эрон ба руи зоирон бозгушоӣ мешавад.
Марзи Хусравӣ яке аз поёнаҳои расми ва байналмиллалии ғабри Эрон аст, ки дар шаҳристони Қасри Ширини устони Кирмоншоҳ воқеъ шуда аст.
Шаҳристони Қасри Шинин бо доштани 186 километр марзи муштарак бо Ироқ дорои ду марзи расмии Парвизхон ва Хусравӣ мебошад, ки марзи расмии Парвизхон бо иқлими Курдистони Ироқ ва марзи Хусравӣ бо ҳавзаи арабии кишвари Ироқ ҳаммарз аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳуҷатул ислом Суҳбатуллоҳ Раҳмонӣ, муъовини Созмони ҳаҷу зиёрат дар боздид аз зерсохтҳои марзи Хусравӣ бо ишора ба сафари худ ба кишвари Ироқ гуфт: Барраси ва боздид аз имконот ва зерсохтҳои хадамоти расми ба зоирон сурат гирифт.
Раҳмонӣ бо муносиб хондани ин масир барои сафари зоирон афзуд: Дар он тарафи марз ироқиҳо ҳудуди 48 исти бозраси барои пазирини зоирони Арбаъин ва корвонҳои расмии ҳаҷу зиёрат омода карданд ва дар ин суи марз ҳам 58 исти бозраси мустақар шуда аст.
Раҳмони бо эъломи ин ки то пеш аз шуруъи Арбаъин корвонҳои расмии Созмони ҳаҷу зиёрат аз ин марз зоиронро ба маконҳои зиёрати эъзом мекунанд, таъкид кард: 16 муҳарам ду корвон таҳти Созмони ҳаҷу зиёрат аз ин марз убур хоҳанд кард ва ба сурати расми бозгушоӣ мешавад.
Бештар бихонед: