Хуни шуҳадои мудофеъи ҳарам амнияти минтақаро тазмин кардааст
Фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Ба баракати хуни шуҳадои мудофеъи ҳарам гуфтумони муқовимат тавонистааст амнияти пойдорро барои минтақа ба армуғон биоварад ва онро тазмин кунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, амир сарлашкар Сайид Абдураҳими Мусавӣ дар хусӯси таҳаввулоти ахири Фаластин гуфт : Қудрати ҷабҳаи муқовимат имрӯз яке аз осори таҳаққуқи ваъдаи илоҳӣ дар масири пирӯзӣ муқобили куффор аст ва имрӯз ин қудрат бо иттико ба Худованди мутаъол аз санг ба мӯшак табдил шудааст .
Фармондеҳи кулли артиши Эрон афзуд : Имрӯз қудрати дифоии ҷабҳаи муқовимат ба вижа дар Фаластин душманони исломро дучори тарсу ваҳшат карда ва дар ҳавзаи мушакӣ ва паҳподӣ ба марҳилае аз иқтидор расида, ки режими саҳюнистӣ дунболи ба таъхир андохтани заволи худ аст .
Амир сарлашкар Мӯсавӣ ҳамчунин гуфт : Ин ҳад аз боздорандагии ҷабҳаи муқовимат қобили тақдир аст ва ба зӯдӣ шоҳиди пирӯзии ниҳоии миллати азизи Фаластин ва заволи режими саҳюнистӣ хоҳем буд .
Фармондеҳи кулли артиш хотирнишон кард : Қудрати дифоии ҷабҳаи муқовимат, ки акнун хобро аз чашми бадхоҳон рабудааст,баргирифта аз эдеяи муқовимате аст, ки ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар ибтидои пирӯзии инқилоб ва дар идомаи ин хатти равшан Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар он таъкид карданд ва онро рамзи муваффақияти кишвару миллат баён фармӯданд .
Амир сарлашкар Мӯсавӣ ба дастовардҳои инқилоби исломии Эрон ишора кард ва гуфт : Яке аз дастовардҳои инқилоби исломии Эрон тарвиҷи гуфтумони муқовимату рӯҳияи ҷиҳоду шаҳодатталабӣ дар байни озодихоҳони ҷаҳон аст .