Август 17, 2022 16:57 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон барои иҷрои фаврии табодули зиндониён бо Амрико
    Омодагии Эрон барои иҷрои фаврии табодули зиндониён бо Амрико

Сухангӯи Вазорати умури хориҷа аз омодагии Эрон барои иҷрои фаврии тавофуқ бо Амрико дар бораи зиндониён хабар дод.

Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрико дар изҳороте хостори озодии зиндониёни дутобеиятӣ дар Эрон, ки ба далоили амниятӣ ва бо ҳукми додгоҳ дар ҳоли сипарӣ кардани даврони маҳкумияти худ ҳастанд, шуда ва эълом кардааст, ки ин кишвар дар талош барои озодии ин афрод аст ва аз сӯи дигар Роберт Моли ҳам ҳамин дархостро матраҳ кардааст.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории “Форс”, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) дар посух ба суоли хабарнигорон дар бораи изҳороти Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико ва ҳамчунин Роберт Моли, намояндаи вижаи ин кишвар дар умури Эрон дар бораи мавзуи зиндониён гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ба сурати мустақил аз БарҶом борҳо аз каналҳои мухталиф омодагии худро барои пардохтан ба масъалаи зиндониён ба тарафи амрикоӣ эълом кардааст.

Канъонии Чофӣ зимни эъломи омодагии Эрон барои иҷрои фаврии тавофуқи мавҷуд эълом кард: Омодаем бо иҷрои ин тавофуқ эрониёни бегуноҳ зиндонишуда дар Амрико, ки ба иттиҳоми беасоси нақзи таҳримҳои золимонаву ғайриқонунии Амрико қурбонии беадолатии низоми қазоии он кишвар шудаанд, имкони раҳоӣ ва бозгашти фаврӣ ба оғӯши хонаводаҳои худро дошта бошанд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, ҷой тааҷҷуб аст, ки тарафи амрикоӣ ба ҷои амал ва рафъи мавонеъ дар ин замина, сирфан ба иҷрои намоишҳои таблиғотӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон мепардозад.

 

Барчасп