Август 18, 2022 16:31 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Озодагон намоди муқовимат, сабру истодагии миллати Эрон ҳастанд
    Раисӣ: Озодагон намоди муқовимат, сабру истодагии миллати Эрон ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон озодагонро намоди муқовимат, сабру истодагии миллати Эрон донист.

Чоршанбе 17 августи соли 2022 солрузи оғози бозгашти озодагони сарафроз ба Эрони исломӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон бо гиромидошти солрӯзи бозгати озодагони сарафроз ба меҳани исломӣ гуфт: Озодагон намоди муқовимат, сабру истиқомат ва истодагии миллати Эрон ҳастанд ва барои кишвар дар сахтарин рӯзҳо ифтихор офариданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қадрдонӣ ва табйини рашодатҳои озодагон барои мардум ва насли ҷавони кишварро зарури баршуморид ва таъкид кард: Касоне, ки дар авҷи ғурбат ва сахти паёми имом ва инқилоби исломиро ҳифз карданд аз ормонҳои исломӣ удул накарданд, қаҳрамонони воқеъӣ миллат ҳастанд.

Раисӣ ҳамчунин бар зарурияти истифода аз зарфиятҳои мардумӣ дар иҷтимоъӣ азими мардумии Арбаъин таъкид карду афзуд: Лозим аст ҳамаи дастгоҳҳо ба сурати ҷиҳоди чи дар бахши ройзаниҳои дипломатик бо кишвари Ироқ ва чи дар таъмини зерсохтҳои лозим дар заминаи осон намудани зиёрати Арбаъин барои зоирон фаъол бошанд.

 

Барчасп