28 мурдод; солрӯзи кудатои амрикоӣ дар Эрон
Имрӯз (ҷумъа) бистуҳаштуми мурдоди 1401 ҳиҷрии шамсӣ (19 августи 2022), баробар бо солрӯзи кудатои амрикоӣ зидди давлати Эрон дар соли 1953 аст.
Дар бистуҳаштуми мурдодмоҳи 1332 шуморе аз неруҳои артиши режими ситамишоҳӣ бо ҳамкории Амрико ва Англия бо сарнагун кардани давлати Муҳаммади Мусаддиқ, бори дигар Муҳаммадризо Паҳлавиро ба салтанат нишонданд.
Кудатои амрикоӣ - англисии августи 1953, ки ба суқути давлати қонунии вақти Эрон (давлати Мусаддиқ) мунҷар шуд, ёдовари мақтае ҳассос аз таърихи сиёсии Эрон пеш аз пирӯзии инқилоби исломӣ аст.
Кудатои 28 мурдод, ки бахше аз силсиламудохилоти Амрикову Англия дар Эрон, дар замони пирӯзии наҳзати миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон аст, дар мақтае рӯй дод, ки Девони Байналмилалии додгустарӣ дар мавзуи қарордодҳои нафтии Англия ва Эрон ба нафъи Эрон раъй дода буд.
Дар солҳои ахир асноди ҷадиде дар бораи мудохилоти бегонагон дар кудатои 28 мурдод мунташир шудааст ва ҳатто бархе мақомҳои амрикоӣ ба нақши мустақими ин кишвар ва Англия дар ин кудато эътироф кардаанд.