Роҳёбии се намояндаи Эрон ба финали рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i90086
Се куштигири эронӣ бо шикасти ҳарифони худ ба финали рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон роҳ ёфтанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 20, 2022 11:03 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии се намояндаи Эрон ба финали рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон

Се куштигири эронӣ бо шикасти ҳарифони худ ба финали рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон дар Булғористон роҳ ёфтанд.

Мусобиқоти ниманиҳоии панҷ вазни нахусти рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд ва дар поён куштигирони эронӣ бо номҳои Имони Маҳмадӣ дар вазни 63 клограм, Абулфазли Чубонӣ дар вазни 87 килограм ва Фардини Ҳидоятӣ дар вазни 130 килограм ба дидори финал роҳ ёфтанд.

Рақобатҳои радабандӣ ва финали рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии ҷаҳон имрӯз (шанбе) баргузор мешавад.