Август 20, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • Мақоми қазоии Эрон дар Душанбе: Эъмоли таҳримҳои як ҷониба, хилофи қонун ва ноқизи ҳуқуқи инсонӣ аст

Муовини аввали қувваи қазоияи Эрон дар Душанбе гуфт: Якҷонибагароӣ, таҳмили ирода ва зӯргуӣ дар тазод бо пӯёии ҳуқуқ ва ноқизи ҳуқуқи инсонӣ аст.

Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Мусаддиқ, ки ба манзури ширкат дар ҳафдаҳумин иҷлоси раисони Девони олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар садри ҳайате қазоӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар маросими ихтитомияи ин иҷлос, зимни ташаккур аз мизбонии Девони олии кишвари Тоҷикистон, фалсафаи вуҷӯдӣ ва усӯл ва аҳдофи ҳоким бар паймони Шанхайро заминае муносиб барои ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ миёни давлатҳои узв донист ва афзуд, ин қабил нишастҳо намоди ҳамгароӣ ва тааллуқи иродаи давлатҳо бар ҳамкорӣ ва пӯёии зарфиятҳои ҳуқуқӣ аст.

Вай иртиқои расидагиҳои қазоӣ дар кишварҳоро марҳуни табодули таҷориб миёни онҳо ва дар баробари якҷонибагароӣ, таҳмили ирода ва зӯргӯиро дар тазод бо пӯёии ҳуқуқу ноқизи ҳуқуқи инсонӣ, донист.

Мусаддиқ, бар омодагии дастгоҳи қазоии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои табодули таҷрибиёт бо соири кишварҳои узв хусусан дар заминаҳое чун ҷароими сайбирӣ ва истифода аз ҳуши маснуӣ дар расидагиҳои қазоӣ ва ҳамчунин муҷозотҳои ҷойгузини ҳабс, таъкид кард.

Ҳафдаҳумин иҷлоси раисони Девони олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи панҷшанбе ва ҷумъаи гузашта, ба мизбонии давлати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он муовини аввали қувваи қазоияи Эрон, ки ба даъвати раёсати дастгоҳи қазоии Тоҷикистон ба он кишвар сафар карда буд, мавзӯи суханронии худро ба табйини таҳаввулоти қонунгузории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи муҷозотҳои ҷойгузини ҳабс ва шароити эъмоли ин муҷозотҳо ихтисос дод.

Дар ин иҷлос муҷозотҳои ҷойгузини ҳабс, шароити фарзанди хондагӣ, варшикастии ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқӣ, ҷароими сайберӣ, истифода аз фанновариҳои навину ҳуши маснуӣ дар фароянди таҳқиқоту додрасиҳои кайфарӣ, аслитарин мавзуоти мавриди баҳс аз сӯи аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай буд.

 

Барчасп