Август 20, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Сафарӣ: Рушди иқтисоди Эрон дар як соли гузашта ба 50 дарсад расид
    Сафарӣ: Рушди иқтисоди Эрон дар як соли гузашта ба 50 дарсад расид

Муъовини дипломоси иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Танҳо бо гузашти як сол аз фаъолияти давлати сездаҳуми Эрон рушди содироти кишвар дар як соли гузашта ба 50 дарсад расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳди Сафарӣ таъкид кард ин баёнгари он аст, ки акнун уфуқи равшани дар ҳавзаи дипломосии иқтисоди ва барқарории таъомули муассир бо кишварҳои мухталиф фароварии Эрон қарор дорад.

Сафарӣ афзуд: Дар ин муддат Эрон дар ҳавзаи содироти коло ба кишварҳои монанди Ҳинд, Русия, Чин, ва кишварҳои африқоӣ ва Амрикои Лотин фурсати авлавияти яксони қоил шуда аст.

Муъовини дипломосии иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба рушди бисёр хуб дар ҳавзаи транзити коло дар муддати як солаи фаъолияти давлати сездаҳум изҳор кард аз 2 моҳи пеш то кунун иртиботи каридори шимол ва ҷануб барқарор шуда аст.

Сафари хотирнишон кард дар ин муддат каридори Покистон, Эрон ва Туркия гушуда ва равобити каридори Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият шуд ва акнун колоҳо аз шимол ба ҷануб ва аз ҷануб ба шимол дар ҳоли ҷо ба ҷоӣ аст.

Муъовини дипломосии иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба рушди болои судури хадамоти муҳандиси дар як соли гузашта гуфт: Дар ин муддат қарордодҳои барои судури хадамот ба кишварҳои монанди Шри-Ланка, Малайзия, Кеня ва дигар кишварҳои ҳамсоя қарордод баста шуда аст.

 

Барчасп