Амир Абдуллоҳиён хостори бархурдории Ҳамиди Нурӣ аз ҳуқуқи аввалия шуд
(last modified Mon, 22 Aug 2022 09:43:07 GMT )
Август 22, 2022 14:43 Asia/Dushanbe
  • Нурӣ аз сӯйи додситони Шветсария даст доштан дар ҳаводиси идаои марбут ба 34 соли пеш дар Эрон муттаҳам шудааст
    Нурӣ аз сӯйи додситони Шветсария даст доштан дар ҳаводиси идаои марбут ба 34 соли пеш дар Эрон муттаҳам шудааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар зарурати табрааи комил ва озодии фаврии Ҳамиди Нурӣ дар дидори сафири Шветсария дар Теҳрон, хостори бархурдории вай аз ҳуқуқи аввалия, аз ҷумла дастрасии пизишкӣ ва дастарси доштан ба тамосҳои хонаводагӣ шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён, рӯзи шанбе дар дидор бо  Матиёс Линтез сафири Шветсария дар Теҳрон зимни ишора ба охарин вазъияти равобити дуҷониба миёни дукишвар, фароянд ва райи ғайри қонунии додгоҳи Ҳамиди Нуриро ғайри қобили қабул хонд ва бар зарурати табраа ва озодии фаврии ӯ таъкид кард.

Амир Абдуллоҳиён ҳамчунин хостори бархурдории оқои Нурӣ аз ҳуқуқи аввалия, аз ҷумла дастрасии пизишкӣ ва тасҳили тамосҳои хонаводагии ӯ шуд.

Сафири Шветсария зимни қавли инъикоси сареъи мавзӯъ ба давлати матбуи худ, сиёсати кишварашро тадовуми машваратҳо бо ҳадафи ҳифз ва иртиқои равобит бо Ҷумҳӯрии Исломии Эрон унвон кард.

Ҳамиди Нурӣ шаҳрванди эронӣ 9-уми ноябри 2019 дар  вурӯд ба Шветсария ба манзури ҳалу фасли ихтилофотҳои хонаводагии духтархондааш аз сӯйи нерӯи амниятии ин кишвар боздошт шуд ва ҳудуди 32 моҳ аст, ки  дар зиндон бар сар мебарад.

Нурӣ аз сӯйи додситони Шветсария даст доштан дар ҳаводиси идаои марбут ба 34 соли пеш дар Эрон муттаҳам шудааст ва шокиёни ин парванда низ амдатан азои гурӯҳаки террористии мунофиқин ҳастанд.

Додгоҳи Шветсария ба итҳоми гурӯҳаки террористии мунофиқин, 14-уми  июл Нуриро  ба ҳабси абад маҳкум кард.