Август 23, 2022 15:43 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии тоҷирони афғонистонӣ барои сармоягузори дар Эрон
    Эъломи омодагии тоҷирони афғонистонӣ барои сармоягузори дар Эрон

Шаҳрдори Буҷнурди устони Хуросони Шимоли аз эъломи омодагии тоҷирони кишвари Афғонистон барои сармоягузории 12 миллиони дар маркази Хуросони Шимоли хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷаводи Ҳамиди Роварӣ, шаҳрдори Буҷнурд гуфт: Тоҷирони афғонистонӣ барои сармоягузори дар бахшҳои мухталифи Хуросони Шимоли эъломи омодаги карданд ва дар марҳалаи нахуст тафоҳумномаи барои эҷоди шаҳраки мошини дар Буҷнурд мунъақид шуд, ки дар ин замина шаҳрдори маркази устон 8 кегтар замин дар ихтиёри ин сармоягузор қарор медиҳад.

Шаҳрдории Буҷнурд афзуд: Ин шаҳраки мошини бо ҳадафи имдодрасонии шабона рузи ба дорандагони мошинҳо  роҳандози мешавад ва шомили хадамоти аз ҷумла шустушуи мошин, таъмирот, нақоши ва ҷойгоҳи бензин аст.

Шаҳраки Буҷнурд маркази Хуросони Шимоли 210 ҳазор нафар ҷамъият дорад.

 

Барчасп