Раисиҷумҳур: Имом Хумайнӣ(р) мардумро бовар дошт
-
Раисиҷумҳур: Имом Хумайнӣ(р) мардумро бовар дошт
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Нигоҳи имом Хумайнӣ(р) ба мардум нигоҳи ташрифоти набуд, мардумро бовар доштанд ва дар партави Худованд боварии хидмат ба мардумро заминаи қурби ба Парвардигор медонистанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлат бо фаро расидани ҳафтаи давлат имрӯз сешанбе бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори иқилоби исломӣ бо ормонҳои имом Хумайнӣ(р) таҷдиди мисоқ карданд.
Сайид Иброҳими Раисӣ бо таъкид бар ин ки имрӯз омадаем бо имом Хумайнӣ(р) мисоқ бибандем то хидмат барои Худо бошад, гуфт: Давлат муътақид аст ҳаркуҷо ба мардум такия кунад мавафақ аст.
Раисиҷумҳур далели пирӯзи дар дифоъи муқадасро эътимоди имом Хумайнӣ(р) ба мардум бар шумориду гуфт: Ин кори имом Хумайнӣ(р)ро бояд сарлавҳаи кор қарор дод.
Раиси хотирнишон кард: Адолат бояд мади назар ва мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи давлатмадорон қарор бигирад, агар дар ин масир гом бардошта шавад метавон эътимоди мардумро ҷалб кард.