Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Посухи Амрико дарёфт шуд
(last modified Thu, 25 Aug 2022 04:50:01 GMT )
Август 25, 2022 09:50 Asia/Dushanbe
  • Дар ин давр аз музокирот, чанд пешниҳод аз сӯйи  Энрике Мора матраҳ шуд
    Дар ин давр аз музокирот, чанд пешниҳод аз сӯйи Энрике Мора матраҳ шуд

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон аз дарёфти посухи давлати Амрико ба назароти Эрон ҳалу фасли мавзӯъоти боқимонда дар музокироти лағви таҳримҳо хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Носир Канъонии Чофӣ бо эъломи дарёфти посӯхи Амрико ба назароти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон барои ҳалу фасли мавзӯъоти боқимонда дар музокироти рафъи таҳримҳо, аз тариқи ҳамоҳангкунандаи аврупоии гуфтугӯҳо гуфт: Баррасии дақиқи назароти тарафи амрикоӣ оғоз шуда ва Ҷумҳӯрии Исломии Эрон пас аз такмили баррасиҳо, назароти худ дар ин робитаро ба ҳамоҳангкунанда эълом хоҳад кард. Даври ҷадиди музокирот бо меҳварияти рафъи таҳримҳои Амрико зиддӣ Эрон, ки аз чаҳори август дар шаҳри Виен оғоз шуда буд, ҳаштуми август поён ёфт.

Дар ин давр аз музокирот, чанд пешниҳод аз сӯйи  Энрике Мора ҳамоҳанг кунандаи Иттиҳодияи Аварупо дар музокироти Виен матраҳ шуд. Қариб ба иттифоқи кишварҳои мушорикат кунанда дар гуфтугӯҳои Виен бо меҳварияти рафъи тарҳримҳои золимона ва ғайри қонунии зиддӣ Эрон, хоҳони ҷамъбандии сареътари музокирот ҳастанд аммо дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ дар интизори тасмимоти сиёсии Амрико дар хусуси чанд мавзӯъоти боқимонда муҳим ва килиди аст.