Рушди беш аз 30 дарсадии ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Русия
Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон гуфт, ҳаҷми мубодилоти Эрону Русия дар чанд моҳи гузашта беш аз 30 дарсад рушд доштааст.
Ризои Фотимии Амин, вазири санъат, маъдану тиҷорати Эрон дар бораи охирин вазъияти равобити тиҷорӣ байни Эрону Русия, афзуд, яке аз зерсохтҳои муҳим барои густариши иртибототи иқтисодӣ зерсохтҳои интиқоли пул аст, ки ба хубӣ пеш меравад.
Фотимии Амин гуфт, мубодилаи рӯбл ва риёл ба таври мустақим аз чанд ҳафтаи пеш оғоз шуд ва дар мавриди инки шабакаи шитоби Эрон ба шабакаи бонкии Русия муттасил шавад, музокирот дар ҳоли анҷом аст.
Вай бо баёни инки ҳануз ҷараёни тиҷорӣ байни ду кишвари Эрону Русия ба таври комил шакл нагирифтааст, афзуд, заминаҳои зиёде барои густариши фаъолиятҳои ду кишвар вуҷӯд дорад.
Дар солҳои гузашта равобити Эрону Русия дар масири тавсеа қарор гирифта, аммо ин муносибот дар як соли ахири машҳӯдтар аз қабл, вориди мароҳили ҷадиде шудааст, аз ҷумла инки ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф, барномаҳоеро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба тарсим кардаанд.
Бештар бихонед: