Август 27, 2022 10:18 Asia/Dushanbe
  • 370 истгоҳи хидамотрасонӣ ба зоирини арбаини Ҳусайнӣ (а) дар Эрон ва Ироқ

Мудири кулли маконҳои мазҳабии Созмони авқоф ва умури хайрияи Эрон гуфт, беш аз 370 истгоҳи ин созмон дар дохили кишвар, марзҳои чандгона ва Ироқ барои хадамотрасонӣ ба зоирони ҳусайнӣ барпост.

20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022), арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаини Ҳусайнӣ (а), вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши ИРНА, ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Наврӯзпур, мудири кулли маконҳои мазҳабии Созмони авқофу умури хайрияи Эрон гуфт, истгоҳҳои Созмони авқофу умури хайрияи Эрон дар дохили кишвар, марзҳои чандгона, Наҷаф, Карбало, Сомиро, Козимайн ва масирҳои мунтаҳӣ ба амокини зиёратии омодаи хадамотрасонӣ ба зоирони арбаини ҳусайнӣ аст.

Вай афзуд, хадамотрасонӣ ба зоирони имом Ҳусайн (а) як ҳафта қабл аз арбаин шурӯ ва як ҳафта пас аз арбаин ҳам идома хоҳад дошт.

Наврӯзпур гуфт, хадамоте, ки истгоҳҳои авқоф ва умури хайрияи салавотӣ ироа мекунанд, шомили хадамоти искон, пазироӣ, барномаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва суханронӣ барои кӯдакон, навҷавонон ва бузургсолон аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп