Август 27, 2022 12:35 Asia/Dushanbe
  • Тамҳидоти Эрон барои зоирони афғонистонии арбаини Ҳусайнӣ

Масъӯли бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул аз иттихози тамҳидоти Ситоди марказии арбаъини Эрон барои ширкати зоирони афғонстонӣ дар роҳпаймои арбаини Ҳусайнӣ (а) хабар дод .

20 сафари 1444 ҳиҷрии қамарӣ (17 сентябри 2022), арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст ва зоирон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаини Ҳусайнӣ (а), вориди шаҳри Карбало дар ҷануби Ироқ мешаванд.

Дар ҳамин росто, Амири Зарибоф, масъӯли бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар бораи роҳкорҳои пешбинӣ шуда барои ширкати зоирони афғонстонӣ дар маросими арбаини Ҳусайнӣ (а) гуфт, барои вуруди зоирони афғонстонӣ ба Эрону ширкат дар роҳпаймоии  арбаъини Ҳусайнӣ (а) дар марзҳо иқдомоти тасҳилкунандае анҷом шудааст.

Вай афзуд, Эрон омодагӣ дорад раводиди ду бори вуруди зиёратии арбаъин бо ҳазинаи 60 евро барои зоирони афғонстонии арбаъини ҳусайнӣ (а), ки визои Ироқ доранд, содир кунад.

Масъули бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул гуфт, барои вуруди осони зоирони афғонстонӣ ба Эрон ниёз аст, тарафи афғон ҳам дар марзҳо тамҳидоте иттихоз кунад то таҷаммуъи зоирон дар марз шакл нагирад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп