Август 28, 2022 09:30 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Раисӣ ва Шариф
    Гуфтугӯи телефонии Раисӣ ва Шариф

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз омодагии Эрон барои ҳар навъ кумаку имдодрасонӣ ба мардуми селзадаи кишвари бародару ҳамсояи Покистон таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, зимни ибрози ҳамдардӣ ва таслият ба давлату миллати Покистон барои кушта шудани теъдоде аз мардуми ин кишвар дар сели ахир, бар идомаи равобити дӯстонаву бародаронаи ду кишвар таъкид кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки дастури лозим ба ниҳодҳои зирабт содир шудааст то кумакҳои аввалияи мавриди ниёз барои мардуми азизу шарифи Покистон ба суръат таъмин шавад, аз омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳар навъ кумаку имдодрасонӣ ба мардуми кишвари бародару ҳамсояи Покистон хабар дод.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон низ бо ироаи гузорише аз хисороту талафоти сели рӯзҳои ахир дар ин кишвар аз ҳамдардиву кумакрасониҳои давлату миллати Эрон бо мардуми ин кишвар қадрдонӣ кард. Нахуствазири Покистон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ҳамсояе ҳимоятгару дӯсту ҳамроҳи рӯзҳои сахти Покистон будааст. Покистон ҳамасола шоҳиди боронҳои мавсимӣ аст, аммо тағйироти обуҳавоӣ бар шиддати боришҳову мутаоқибан афзоиши селобҳо солона таъсиргузор будааст. Ин ҳаводиси табиӣ ҳар сол дар Покистон илова бар талафоти ҷонӣ, хисороти моддии шадиде барҷой мегузорад. Борандагии имсол аз моҳи июн дар бисёре аз бахшҳои Покистони оғоз шудааст.