Ваҳидӣ: Эминии зоирони Арбаини ҳусайнӣ (а) - авлавияти давлати Эрон аст
(last modified Sun, 28 Aug 2022 09:32:46 GMT )
Август 28, 2022 14:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар бораи эминии зоирони  Арбаин сораандешӣ мекунад
    Эрон дар бораи эминии зоирони Арбаин сораандешӣ мекунад

Вазири кишвари Эрон бо баёни ин ки миллионҳо нафар аз саросари ҷаҳон дар маросими Арбаини ҳусайнӣ (а) ширкат мекунанд, гуфт: Мушаххасан эминии зоирон масъалаи асосӣ ва муҳим барои мост.

Аввалин Конгресси байналмилалии “Саломат” дар Арбаини ҳусайнӣ (а) бо ҳадафи бозбинии заъфҳову навоқиси бахши саломат дар роҳпаймоии бузурги Арбаин дар солҳои қабл, ироаи роҳкорҳои лозим ва бартараф шудани мушкилоти гузашта имрӯз (шанбе) бо ҳузури Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон, Пирҳусайни Куливанд, раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Саидабдулфаттоҳи Наввоб, намоянда валии фақеҳ дар умури ҳаҷҷу зиёрати Эрон баргузор шуд.

Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Эрон дар ин ҳамоиш бо пешбинии ин ки имсол беш аз 4. 5 миллион зоири Арбаини ҳусайнӣ аз Эрон роҳии Ироқ шаванд, гуфт: Интизор меравад зоирини азизамон бо эминии комил сафарро ба поён бирасонанд, ки таъмини ин эминӣ аз сӯи Ҳилоли Аҳмар ва соири дастгоҳҳо, аз ҷумла Вазорати беҳдошт ба хубӣ тадорук дида шудааст.

Ваҳидӣ бо ишора ба ҳамкории Эрону Ироқ ҷиҳати баргузории маросими бошукӯҳи Арбаини ҳусайнӣ (а) гуфт: Бояд муроқибатҳо дар маросими Арбаини ҳусайнӣ ба гунае бошад то дар арсаи муқобила бо бемориҳо халале эҷод нашавад.

Раиси ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон низ дар ин ҳамоиш бо ишора ба барномарезӣ барои хадамотрасонӣ аз нуқтаи сифри марзӣ то Наҷафу Карбало гуфт: Ҳилоли Аҳмари Ироқ ва неруҳои Ҳашдушшаъби дар тадоруку пуштибонӣ кумаки мо ҳастанд.