Август 29, 2022 09:48 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи БарҶом
    Тавофуқи БарҶом

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз ҷамъбандии ҷаласоти коршиносии музокироти лағви таҳримҳо дар аввалин фурсат посухи Амрикоро медиҳад.

Носир Канъонии Чофӣ гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон барои расидан ба тавофуқе пойдор, ҷомеъ ва таъминкунандаи манофеи миллии кишвар ҷиддӣ аст ва дар ин замина то кунун ба таври масъулона амал кардааст.

Канъонии Чофӣ афзуд, раванди музокирот ба далели ҳассосияти мавзуъ маҳрамона аст ва ҳамаи тарафҳо саъй кардаанд то ба моҳияти маҳрамона будани раванди музокирот пойбанд бошанд ва расонаӣ кардани зудҳангоми он кумаке ба натиҷаи музокирот намекунад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ин ҳол таъкид кард, ҳамон тавр, ки борҳо эълом шудааст, мавзуоти боқимонда дар иртибот бо раванди музокироти рафъи таҳримҳо, мавзуоти зиёде нест. Ба иборате бештари масоили муртабит бо тавофуқи БарҶом миёни тарафайн ҳаллу фасл шудааст, аммо мавзуоти андаки боқимонда, мавзуоти ҳассосу муҳиму таъйинкунандае аст.

Ӯ гуфт, Эрон бо ҷиддият дастёбӣ ба тавофуқро дунбол мекунад ва муътақид аст азсаргирии иҷрои БарҶом ҳам дар ростои манофеи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳам дар ростои манофеи тарафҳои ин тавофуқ аст.

 

Барчасп