Раисӣ : Ҳузури Эрон дар минтақа амниятсоз аст
(last modified Mon, 29 Aug 2022 12:43:10 GMT )
Август 29, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Ҳузури Эрон дар минтақа амниятсоз аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузури Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақаро амниятсоз донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти хабарӣ бо намояндагони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ  бо ишора ба нақши амниятсози Ҷумҳурии исломии Эрон дар минтақа гуфт : Ҳамзамон бо ифои нақши амниятии Эрон дар минтақа нақши Эрон дар ҳавзаи иқтисодӣ ва тиҷорӣ низ бояд афзоиш ёбад.
Раисӣ гурезе ба иҷрои барномаи 25 сола байни Эрон ва Чин зад ва тасреҳ кард : Иртиботи Эрон бо Чин фориғ аз таъсирпазирӣ аз муҳити байналмиллал ҳамчунон рӯ ба рушд хоҳад буд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин узвияти Эрон дар Шанхай ва ЭКО ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба вижа иртибот бо ҳамсоягонро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон баршумурд ва гуфт : Мо бинои таъодул дар иртибот бо ҳамаи кишварҳоро дорем ва ин таъодул ва тавозун ҳамвора дар дастури кори мо дар сиёсати хориҷӣ ба вижа нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои дӯст қарор дорад .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи бархе зиёдахоҳии режими саҳюнистӣ дар бора барномаи ҳастаии Эрон ва вокуниши Ҷумҳурии исломӣ дар ин замина гуфт : Санъату тавоноии ҳастаӣ ҳақи Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон аст ва борҳо ҳам эълом кардем силоҳи ҳастаӣ дар докторини Ҷумҳурии исломӣ ҷое надорад .
Раисӣ идома дод : Санъати ҳастаии Эрон дар кишоварзӣ, нафту газ ва пизишкӣ ва бисёре дигар аз саноеъ мавриди ниёз ва истифода аст ; режими саҳюнистӣ аз ибтидо ҳам намехост Эрон ба ин дониш даст бояд ; аммо имрӯз бархилофи иродаи онҳо ва мустакбирин ин дониш бумӣ шуда ва наметавон онро аз Эрон гирифт .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар посух ба таҳдидоти Тел-Авив  гуфт : « Оё режими саҳюнистӣ ҳарифи неруҳои муқовимат, ҳарифи санги онҳову мӯшакҳои нуқтазани онҳо шуд ? Оё бо ин таҳдидот созгор аст ? Метавонад амнияти худро ҳифз кунад ? Имрӯз ҳама шоҳиданд, ки алорағми ҳабси мардуми Ғазза онҳо аз худ дифоъ мекунанд.Оё метавонад дар баробари онҳо муқовимат кунад ? чи бирасад ба салаҳшӯрони Эрон . »
Раисӣ хитоб ба мақомоти саҳюнистӣ афзуд : Фосилаи байни тасмиму иқдомро бибинед ва агар тасмим ба иқдом алайҳи Эрон бигиранд, шояд муҳлате барои иқдом надошта бошанд ва фосилаи байни ин тасмиму иқдом нишон медиҳад, ки аз ин режим чизе мемонад ё на ?