Август 31, 2022 11:52 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии марзи байналмилалии Шаламча ба рӯи зоирони Арбаини Ҳусайнӣ

Фармондори вижаи шаҳристони Хуррамшаҳр эълом кард, марзи байналмилалии Шаламча ба рӯи зоирони Арбаъини Ҳусайнӣ боз шуд.

Нодири Амидзода, фармондори вижаи шаҳристони Хуррамшаҳр дар устони Хузистони Эрон гуфт, бар асоси эъломи Ситоди марказии Арбаъини Ҳусайнӣ (а) имрӯз (чаҳоршанбе) марзи Шаламча бар рӯи зоирин Арбаъини Ҳусайнӣ (а) боз шуд.

Вай афзуд, зоирон метавонанд бо дар дасти доштани гузарномаи муътабар ба марзи Шаламча муроҷиа кунанд.

Валиуллоҳ Ҳаётӣ, муовини амниятии интизомии устондории Хузистон низ гуфт, бо таваҷҷуҳ ба поёни нооромиҳо дар Ироқ ва эъломи Ситоди арбаъин кишвар, тараддуд дар тамоми марзҳо, аз ҷумла Шаламча ва Чавзоба аз имрӯз муҷаддад барқарор шуд.

Вай афзуд, тамоми тамҳидоту имконоти мавриди ниёз ҷиҳати тасҳил дар тараддуди зоирни Арбаъин дар марзҳои Шаламча ва Чазоба фароҳам шудааст ва умедворем зоирн бидуни ҳеҷ мушкиле ба зиёрат мушарраф шаванд.