Август 31, 2022 16:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори Боқирии Канӣ бо раиси гуруҳии дӯстии порлумонии Нигерия
    Дидори Боқирии Канӣ бо раиси гуруҳии дӯстии порлумонии Нигерия

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо ҳайати порлумонӣ аз Нигерия таъкид кард, ҳаракати рӯ ба пеши миллати Эрон дучори максу вақфа нашуд.

Алӣ Боқирии Канӣ дар дидори раис ва аъзои гуруҳи дӯстии порлумонии Нигерия бо ишора ба рӯйкарди тақобулии Амрико алайҳи миллати Эрон дар чаҳор даҳаи гузашта гуфт, ҳаракати рӯ ба пеши миллати Эрон ҳатто лаҳзае дучори максу вақфа нашуд.

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд, Эрон сабки навине аз зисти миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалиро ироа кард, ки илова бар истодагӣ дар баробари зӯргӯӣ ва фишор, пешрафти миллӣ, ҳамкории минтақаӣ ва кунишгарии байналмилалиро дар тарозе ҷадид ба намоиш гузошт.

Боқирии Канӣ Фаластинро қутби намои пойдориву адолатмеҳварии назми ҷаҳонӣ донист ва гуфт, то замоне ки ҳуқуқи мардуми Фаластин ба таври комил барқарор нашавад, дастёбӣ ба амнияту таҳаққуқи адолат саробе беш нахоҳад буд.

Асонси, раиси гуруҳи дӯстии порлумонии Нигерия низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз сафар ба Эрон иброз кард, ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба дар заминаҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ дар чаҳорчӯби манофеи мутақобили ду кишвар беш аз пеш тавсеа ёбад.