Сентябр 02, 2022 18:25 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Федерасиюни ҷаҳонии волейбол ба дидори Эрону Бразилия

Сайти Федерасиюни ҷаҳонии волейбол дар тозатарин хабари худ ба дидори 2 тими Эрону Бразилия дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон пардохт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, марҳалаи гурӯҳии бистумин давраи Мусобиқоти волейболи қаҳрамонии мардони ҷаҳон соли 2022, поён ёфт ва таклифи марҳалаи якҳаштуми ниҳоии ин мусобиқот мушаххас шуд.

Дар поёни марҳалаи муқаддамотӣ тимҳои миллии Полша, Словения, Италия, Сербия, Бразилия, Фаронса, Ҳоланд, Амрико, Туркия, Украина, Ҷопон, Эрон, Аргентина, Кубо, Олмон ва Тунис дар рутбаҳои аввал то шонздаҳум қарор гирифта ва муваффақ шуданд ба марҳалаи якҳаштуми ниҳоӣ роҳ ёбанд.

Дар поёни марҳалаи муқаддамотӣ тимҳои Бразилия ва Эрон дар рутбаҳои панҷум ва давоздаҳуми ҷадвал қарор гирифтанд то ҳарифи якдигар дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоӣ шаванд.

Дидори тими миллии волейболи Эрон баробари Бразилия дар марҳалаи якҳаштуми ниҳоии Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон рӯзи сешанбе дар Гливитсеи Полша баргузор мешавад.

 

Барчасп