Раиси Созмони энержии атомӣ: Душман баҳрамандии Эрон аз зарфияти фанновариҳои навинро барнаметобад
(last modified Sat, 03 Sep 2022 05:21:49 GMT )
Сентябр 03, 2022 10:21 Asia/Dushanbe
  • Раиси Созмони энержии атомӣ: Душман баҳрамандии Эрон аз зарфияти фанновариҳои навинро барнаметобад

Муовини раисиҷумҳур ва раиси Созмони энержии атомии Эрон, доштани зарфияти фанновариҳои навинро барои ҳар кишваре, як қудрат донист ва гуфт, абарқудратҳо истифода аз ин зарфияту тавонмандиҳоро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон барнаметобанд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Исломӣ, муовини раисиҷумҳур ва раиси Созмони энержии атомии Эрон, шомгоҳи ҷумъа дар ёдвораи шуҳадои ҳастаӣ ва 110 шаҳиди пойгоҳи басиҷи оятуллоҳ Саъиди Кошон, устони Исфаҳон, бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико ва бархе аз муттаҳидонаш зидди Ҷумҳурии исломӣ афзуд, Эрон созишнопазир аст ва масири истиқлол, иззату манофеи кишварро бо ҳеҷ чизе муомила намекунад.

Исломӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзӯи ҳастаӣ дар оғоз роҳ аст ва ин дониш зарфиятҳои зиёдеро эҷод хоҳад кард, ки барои насли ҳозиру оянда бисёр муассир хоҳад буд.

Вай бо баёни инки ҳар кишваре, ки фанновариҳои навзуҳӯр дар ихтиёр дорад, қудратманд аст, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯза бидуни кумак аз кишварҳои дигар ва бо вуҷӯди тамомии музоҳиматҳо ва иқдомҳои мухарриб, ки душманон анҷом медиҳанд, соҳиби фанновариҳо навин шуда ва аз султаи истикбори ҷаҳонӣ хориҷ шудааст.

Исломӣ бо ёдоварии дугонагии бархӯрди душманон бо мавзӯи ҳастаии Эрон, афзуд, душманон муътақиданд Эрон дорои раҳбаре коромад аст ва агар ба фанноварии пешрафта, муҷаҳҳаз ва дорои манофе ва қудрати иқтисодӣ бирасад, касе тавони муқобила бо онро надорад.