Сентябр 05, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Шиновари шаҳид Сулаймонӣ-нахустин шиновари эронӣ бо мӯшакҳои амудпартоби падофандӣ

Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон бо ишора ба вижагиҳои фарқкунандаи шиновари шаҳид Сулаймонӣ гуфт : Баданаи шиносоии гурез бо сатҳи мақтаи радарии бисёр поини ин шиноварро метавон ба унвони дастоварди миллӣ барои Эрон донист .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Сипоҳниюс, сардор,сарлашкар Боқирӣ гуфт : Шиновари шаҳид Сулаймонӣ- нахустин шиновари размии эронии муҷаҳҳаз ба сомонаҳои падофанди ҳавоии амудпартоб,бурди кам ва мутавассит ба сурати таркибӣ аст .
Сардор,сарлашкар Боқирӣ дар нуҳумин ойини илҳоқи таҷҳизоти тахассусӣ ва дифоӣ ( шиноварӣ ) ба неруи дарёии Сипоҳ гуфт : Тарроҳӣ ва сохти ин шиновар ба дасти ҷавонони нухба ва донишомӯхта донишгоҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрон сурат гирифтаву дорои баданаи шносоии гурез бо сатҳи мақтаи радарии бисёр поин аст, ки метавон онро ба унвони дастоварди миллӣ барои Эрон донист .
Вай гуфт : Ин шиновар муҷаҳҳаз ба чаҳор дастгоҳи мотори пурқудрати бумишуда дар Эрон аст, ки имкони ҳузури фаврӣ дар саҳнаи амалиёт ва низ қобилияти дарёнавардии бурди дурро бидуни ниёз ба пуштибонии соҳилӣ, барои дифоъ аз манофеи Ҷумҳурии исломӣ дар обҳои дур фароҳам мекунад.

 

 

Барчасп