Омодагии Эрон ва Русия барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи фанноварии иттилоот
(last modified Mon, 05 Dec 2016 06:47:59 GMT )
Декабр 05, 2016 11:47 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон ва Русия барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи фанноварии иттилоот

Муовинони вазирони иртибототи Эрон ва Русия аз омодагии ду кишвар барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи иртиботот ва фанноварии иттилоот хабар доданд.

Ба гузориши Ирно, Насруллоҳи Ҷаҳонгард, муовини вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Исмоилов, муовини вазири иртиботот ва расонаҳои ҷамъии Русия дар Теҳрон гуфт: Русия ва Эрон барои тағйири мудирияти ҷаҳонии интернет ҳамкорӣ мекунанд.

Ҷаҳонгард афзуд: Токунун дар маҳофили байналмилалии мухобирот ҳамкории хубе байни Эрон ва Русия анҷом гирифтааст, ки ба назар мерасад, ҳамфикрии бештар дар ин бахш бавижа дар ICANN (муассисаи байналмилалии ғайритиҷорӣ, ки контрол ва назорати манобеи интернетро бар уҳда дорад) метавонад дар бахшҳои мухталиф монанди тағйири мудирияти ҷаҳонии интернет муассир бошад.

Исмоилов, муовини вазири иртиботот ва расонаҳои ҷамъии Русия низ дар ин дидор гуфт: Пас аз ройзаниҳои ахири Маҳмуди Воазмӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон дар Маскав, нақшаи роҳи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши ICT омода шудааст.

Исмоилов афзуд: Ҳамаи талошҳо барои рафъи мушкилоти мавҷуд дар иҷрои тарҳҳои муштараки миёни Эрон ва Русия дар бахши фанноварии иттилоот ба кор гирифта шудааст.