Сентябр 08, 2022 09:05 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии иҷлоси Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ / Фаластин; масаълаи аввали ҷаҳони Ислом

Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ дар поёни даҳумин иҷлоси расмии худ бо судури баёнияе, масаълаи Фаластин ва Қудси шарифро ҳамчунон масаълаи аввали ҷаҳони Ислом унвон кард.

Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ дар ин баёния зимни маҳкум кардани оддисозии равобити бархе кишварҳои ба истилоҳ исломӣ бо режими ғосиби саҳюнистӣ таъкид кард, натанҳо ҳаргуна созишкорӣ бо душманони Ислом ва муслимин бар хилофи масолеҳу манофеи уммати Ислом аст, балки ҳӯшёрӣ ва тақвияти ҷабҳаи муқовимат алайҳи ҷараёни нуфузии режими саҳюнистӣ ва ҳимоят аз кишварҳои исломӣ ҳамчун Яман, Лубнон, Сурия ва Афғонистон як таклифи шаръӣ ва зарурати иҷтинобнопазир аст.

Дар ин баёния ҳамчунин бо қадрдонӣ аз миллати бузурги Ироқ, ки бо илҳом аз мактаби аҳли байт(а) ҳамвора дар хизмати ормонҳои бузурги исломӣ буда ва дар тули ин солҳо дар мубориза бо Саддом ва режими ишғолгари Амрико ва ДИИШ ва хунсо кардани тавтеъаҳои тафриқаафканонаи душманони уммати исломӣ дар саҳнаҳои иззату ваҳдат ҳозир ва нақшофарин буда ва шуҳадои фаровоне назири шаҳиди сарафроз Абу Маҳдӣ Ал Муҳандисро тақдими ислому уммати исломӣ карда, тасреҳ шуда, умед аст, дар ин марҳала низ бо пайравӣ аз марҷаъияти бедору тафоҳуми миллӣ бо пирӯзӣ бар нақшаҳои душманон, заминаҳои муваффақияту пешрафтро фароҳам кунанд то шоҳиди суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ин сарзамини муқаддас бошем.

Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ зимни ташаккур аз вазорати умӯри хориҷаи Эрон барои таъмиқи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон бавижа дар буъди иқтисодӣ, аз давлати Ҷумҳурии исломӣ хост бо дар назар доштани унсури иззату маслиҳати миллӣ, дар ҳавзаи таъомулоти роҳбурдии Ҷумҳурии исломӣ бо соири кишварҳо диққати лозимро мабзул доранд ва дар раванди музокироти рафъи таҳримҳо низ зимни таъмини манофеи молии кишвар, муроқиби фиреби душманони Эрон ва инқилоби исломӣ ва ҳофизи масолеҳи миллати Эрон бошанд.

Даҳумин иҷлоси расмии давраи панҷуми Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ, ки аз рӯзи сешанбе дар Теҳрон оғоз шуда буд, асри чаҳоршанбе поён ёфт. Аъзои Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ панҷшанбе низ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор хоҳанд кард.

Барчасп