Сентябр 09, 2022 16:46 Asia/Dushanbe
  • Вазъият барои сафари зоирони Арбаин дар марзи Эрону Ироқ
    Вазъият барои сафари зоирони Арбаин дар марзи Эрону Ироқ

Вазири кишвар ё умуои дохилии Эрон аз зоирони Арбаини ҳусайнӣ хост, ҳатман ҳаракати худро ба самти марзҳои ғарбӣ то иттилои сонавӣ ва рафъи мушкил дар тарафи марзҳои ироқӣ ба таъхир биандозанд.

Аҳмади Ваҳидӣ дар иртиботи интернетӣ бо хабари соати 11 шабакаи “Хабар”-и телевизиони Эрон, бо баёни ин ки ҳамакнун барои боздид аз марзҳои ғарбӣ дар Меҳрон ҳузур дорад, гуфт, ба далели ин ки Ироқ зарфияти тахлияи зоирон аз поёнаҳои марзии худро бо ҳамон суръат, ки аз марзҳои мо хориҷ мешавад, надорад.

Вазири кишвари Эрон бо ишора ба ин ки ҳамакнун дар марзҳо иддае дар ҳоли хуруҷу иддаи дигар дар ҳоли бозгашт ҳастанд, афзуд: Вазъияти мо феълан ба ин тартиб аст, ки бо тавваҷуҳ ба ин ки дирӯзу дишаб ҳаҷми бисёр зиёде аз мардум омада буданду дӯстони ироқии мо ҳам зарфият надоранд, ки бо суръате, ки мо зоиринро мефиристем, онҳо наметавонанд қабул кунанд ва аз марз убур диҳанд, зоирон пушти марзҳову гейтҳои вурудии ироқӣ мемонанд, азият мешаванд ва ҳаво ҳам бисёр гарм аст ва салоҳ нест чунин таҷаммуоти густардае дошта бошем.