Барномарезии Эрон барои партоби моҳвораи «Зафар 2»
Раиси Донишгоҳи илм ва санъати Эрон таъкид кард, моҳвораи «Зафар 2» ба зуддӣ партоб мешавад.
Раиси Донишгоҳи илм ва санъати Эрон бо ишора ба талошҳои пажӯҳишгарони ин донишгоҳ дар арсаи фанновариҳои сохти моҳвора гуфт, моҳвораи «Зафар 2» ба зуддӣ партоб мешавад.
Пешрафтҳои донишмандон ва мутахассисони ҷавони эронӣ дар солҳои ахир барои сохту партоби моҳвора чашмгир будааст.
Моҳвораи "Миллии Умед" бо моҳворабари бумии "Сафир 2" соли 2008 ба фазо партоб шуд ва ба ин шакл Эрон ба ҳаштумин кишваре табдил шуд, ки тавонист моҳвораеро дар мадори замин бо фанноварии дохилии худ қарор диҳад.
Моҳвораҳои “Навид” ва “Фаҷр” низ талошҳои дигари Эрон барои фаъолият дар ин замина буданд, ки ҳар кадом барои муддате маъмуриятҳои таҳқиқотиро анҷом доданд. Ин талошҳо ахиран ба партоби моҳвораи “Хайём” аз пойгоҳи фазоии Байконури Қазоқистон мунҷар шуд.
Мансури Анбиё, раиси Донишгоҳи илм ва санъат дар гуфтугу бо ИРНА гуфт, токунӯн 4 моҳвора дар Донишгоҳи илм ва санъат сохта шудааст; “Навид”, “Мубин”, моҳвораи сеюм ба номи Зафар” ва моҳвораи чаҳорум “Зафар 2” аст.
Вай афзуд, моҳвораи “Зафар 2” ба зудӣ партоб мешавад ва пас аз партоби ин моҳвора барои сохти моҳвораҳои дигар иқдом хоҳем кард.
Бештар бихонед: