Рушди 31 дарсадии тиҷорати Эрон бо аъзои СҲШ
Сухангуи гумруки Эрон, аз рушди 31 дарсадии тиҷорати Эрон бо аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Саидруҳуллоҳи Латифӣ, сухангуи гумруки Эрон имрӯз (шанбе), гуфт, аз моҳи март то июли соли ҷории милодии 2022, 21 миллиону 415 ҳазор тон коло ба арзиши 17 миллиарду 56 миллион доллар байни Эрону аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай табодул шуд, ки ин мизон 31 дарсади бештар аз муддати мушобеҳи соли гузаштаи милодӣ (2021) будааст.
Латифӣ афзуд, саҳми содироти колои эронӣ ба кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, дар панҷ моҳи нахусти имсол, 17миллиону 381 ҳазор тон коло ба арзиши 9 миллиарду 78 миллион доллар буд, ки бо рушди 10 дарсадӣ ҳамроҳ буда ва воридот аз ин кишварҳо низ дар ин муддат, бо рушди 68 дарсадӣ ба чаҳор миллиону 34 ҳазор тон коло ба арзиши ҳафт миллиарду 978 миллион доллар расидааст.
Вай афзуд, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Покистон ва Русия дар рутбаҳои аввал то панҷуми мақосиди содиротии Эрон ба аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай қарор доранд.
Латифӣ ҳамчунин гуфт, Чин, Ҳинд, Русия, Покистон ва Қазоқистон панҷ кишвари аввали фурушандаи коло ба Эрон дар байни аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ин панҷ моҳ буданд.
Бештар бихонед: