Сентябр 12, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб сиёсатҳои куллии барномаи ҳафтумро иблоғ карданд
    Раҳбари инқилоб сиёсатҳои куллии барномаи ҳафтумро иблоғ карданд

Раҳбари инқилоби исломӣ сиёсатҳои куллии барномаи ҳафтум бо авлавияти пешрафти иқтисодии ҳамроҳ бо адолатро иблоғ карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар иҷрои банди якуми асли 110  қонуни асосӣ, сиёсатҳои куллии барномаи ҳафтумро, ки пас аз машварат бо Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом ва бо авлавияти пешрафти иқтисодии ҳамроҳ бо адолат таъин шуда аст ба сарони се қувва, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳат ва раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ иблоғ карданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ташакур аз фаъолияти фишурдаи аъзо ва дабирхонаи маҷмаъ дар ироаи назарот ва мушорикати фаъоли қувваҳои сегона ва дигар аркони низом, таҳия ва тасвиби қонуни барномаи ҳафтум бар пояи ин сиёсатҳоро гоми дигар дар таҳаққуқи ҳадафҳои низом хонданд ва бар назорати фаъол бар ҳусни иҷрои сиёсатҳо таъкид карданд.

Сиёсатҳои куллии барномаи ҳафтум дар 7 сарфасл иқтисодӣ, бахши зербиноӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, илмӣ, фанноварӣ ва омӯзишӣ, сиёсӣ ва сиёсати хориҷӣ, дифоъӣ ва амнияӣ, идорӣ, ҳуқуқӣ, қазоӣ ва дар 26 банд тасвиб шуда аст.

 

Барчасп