Раисӣ: Марзҳои таърихии Эрон ва Арманистон бистари ҳамгароӣ ва амнияти минтақа аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Марзҳои таъирихии Эрон ва Арманистон бистари рифоҳ, ҳамгароӣ ва амнияти минатақа маҳсуб мешавадва Теҳрон мусамам ба идомаи ҳамкори дар ҳамаи заминаҳо ба нафъи рифоҳ ва суботи минтақа аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳури Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар посух ба тамоси телефони Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон бо ибрози нигаронӣ аз тадовуми танишҳо дар минтақа гуфт: Минтақаи Қафқоз шароити хосиро тай мекунад ва мутаъасифона ҳануз оромиш ба ин минтақа боз нагашта аст.
Раиси шӯрои олии амнияти миллӣ Эрон бо ишора ба нуфузи режими саҳюнистӣ дар минтақа ҳузури ин режими ишғолгарро зидди амният ва таҳдиди барои кулли минтақа аз ҷумла мизбононашон маъррифи кард.
Раисӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон пайваста вазъият ва таҳавулотро дар минтақаи Қафқоз расад мекунад таъкид кард: Минтақа таҳамули ҷанги дигариро надорад.
Раиси Ҷумуҳрии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки амният дар минатақи Қафқоз барои Ҷумҳурии Исломии Эрон бисёр дорои аҳамият аст афзуд: Имзокунандагони баёнияи сеҷонибаи оташбас ба мафоди он пойбанд бошанд ва аз ҳаргуна иқдоми дар ҷиҳати эҷоди таниш дар минтақа дури кунанд.
Никол Пашениян низ бо ироаи гузорише аз охирин вазъияти таҳавулот дар минтақаи Қафқоз гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар рафъи танишҳо ва буҳронҳои минтақа нақши созанда ва таъсиргузор дошта аст.
Нахуствазири Арманистон ҳамчунин бо ибрози хурсанди аз равобити ру ба густариши Теҳрон Ераван таъкид кард: Арманистон ба дунболи таъмиқи равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоми заминаҳо аст.