Тавофуқ дар сӯрати воқеъбинии тарафи амрикоӣ дастёфтанист
(last modified Wed, 14 Sep 2022 03:49:42 GMT )
Сентябр 14, 2022 08:49 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ дар сӯрати воқеъбинии тарафи амрикоӣ дастёфтанист

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар иродаи Эрон барои расидан ба як тавофуқи қавӣ ва пойдор, тасреҳ кард: Тавофуқи Вена дар сӯрати воқеъбинии тарафи амрикоӣ даст ёфтанист.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Ҷеффри Онеама, вазири хориҷаи Нигерия бо ишора ба охирин вазъияти музокирот барои лағви таҳримҳо, бар пайбандии Эрон ба тадовум гуфтугӯҳо бо тарафҳои муқобил ва иродаи Эрон барои расидан ба як тавофуқи қавӣ ва пойдор таъкид кард.

Амирабдуллоҳиён бо ибрози умедворӣ нисбат ба инки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ вазифаи худро дар қолаби фаннӣ ва ба дур аз сиёсикорӣ дунбол кунад, тасреҳ кард, тавофуқ дар сӯрати воқеъбинии тарафи амрикоӣ даст ёфтанист.

Вай ҳамчунин нимқарн собиқаи таърихии муносиботи ду кишварро сармояе бузургу муҳкам барои тавсеаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрону Нигерия бар мабнои манофеи муштарак донист ва аз ҳамтои нигериёии худ барои сафар ба Теҳрон даъват ба амал овард.

Вазири умури хориҷаи Нигерия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо самарбахш хондани сафари ахири ҳайати Нигерия ба Теҳрон, собиқаи равобити дӯстӣ миёни ду кишвар ва ҳамбастагии ду миллат дар чолишҳои мухталифро заминаи муносибе барои тавсеаи равобит дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва фарҳангӣ хонд.

Вазири хориҷаи Нигерия бар ҳусни нияти Эрон дар ҷараёни музокироти рафъи таҳримҳо таъкид карда ва бо ишора ба хурӯҷи Амрико аз БарҶом, нисбат ба бозгашти ин кишвар ба тавофуқ ва ҳалу фасли мавзӯот ибрози умедворӣ кард.